Шикояти домоди собиқи президент аз шароити бади маҳбас
Роҳат Алиев, домоди собиқи раисиҷумҳури Қазоқистон, ки дар як боздоштгоҳи Вена нигаҳдорӣ мешавад, изҳор дошта, чанд бор мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Алиев ҳамутоқҳояшро дар сирқат ва “шантаж” муттаҳам кардааст. Дар робита, вакили дифои ӯ, ба раҳбарияти СИЗО шикоят бурдааст. Расонаҳои қазоқистонӣ навиштаанд, раҳбарияти боздоштгоҳ ба ин шикоят зуд расидагӣ карда, Алиевро ба утоқи дигар гузарондаанд.
Роҳат Алиев дар Қазоқистон дар сарнагун кардани ҳокимият, созмон додани гуруҳи ҷиноӣ ва одамрабоӣ муттаҳам мешавад. Алиев, ки дар гузашта курсии сафири Қазоқистон дар Австрияро дар ихтиёр дошт, бо духтари калони Нурсултон Назарбоев - Дарига Назарбоева хонадор шуда буд.