Интиқоду ҳушдори Абдулқодирзода аз қасамхӯрию хасисии тоҷирон
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тоҷирону соҳибкорони тоҷик даъват намуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон аз боло бурдани нархи маҳсуот худдорӣ намоянду то ҳадди имкон хайрхоҳ бошанд.
Абдулқодирзода, ки шоми 2 ба 3-юми июл тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон баромад мекард, аз қасамхӯрии барзиёди тоҷирон низ дар бозорҳо интиқод намуд: “Тоҷирон зимни фурӯши маҳсулоташон дар бозор набояд ба хотири фоида бо номи Худо қасам ёд кунанд.”
Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламо аз нигоҳи шариати Ислом қасами зиёд хуб набуда, баръакс ба инсон зарар меорад. Абдулқодирзода таъкид кард, ки ҳатто сухани рост ҳам бошад, зиёд қасам хурдан лозим нест: “Ҳоло зиёданд ҳолатҳое, ки дар бозор тоҷир қасам мехуранд, ки валлоҳӣ бо ҳамин нарх гирифтаам. Қасамхурӣ шарт нест. Беҳтараш аз рӯи инсоф кор кунанд, ки ин ҳам ба фоида худашон ва ҳам ба фоидаи дигарон аст”.
Раиси Шурои уламо аз пайомади хассисии тоҷирон ҳушдор дод ва қазияи як тоҷири тоҷикро мисол овард, ки ҳамагӣ рӯзе пеш аз сӯхтори бозор барои чанд сомонӣ шуда, молашро нафурӯхтааст ва рӯзи дигар тамоми молаш ба коми оташ рафтааст.
Ин даъвати Абдулқодирзода ба хайрхоҳии тоҷирон дар ҳолест, ки нархи бархе аз маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон боло рафтаанд. Мақомоти тоҷик ин болоравии нархҳоро сунъӣ хонда, дастур доданд, ки ҷилави нархҳо ва соҳибкорони қиматфурӯш гирифта шавад.