Генерал Мирослав Ниёзов ба Тоҷикистон бармегардад
Мирослав Ниёзов сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуд. Ба иттилои расонаҳои қирғизӣ, Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон зери фармони таъйин шудани Ниёзов ба ин мақом рӯзи 2 июл имзо гузоштааст.
Ниёзов дар ин мақом Урмат Саралаевро иваз кард, ки дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони қирғизу тоҷик ба ватан хонда шуда, раисиҷумҳури Қирғизистон зери қарори барканории ӯ рӯзи 30 июн имзо гузошт.
Кумитаи умури байналмилалии парлумони Қирғизистон рӯзи 6 июни соли ҷорӣ номзадии Мирослав Ниёзовро барои сафирӣ дар Тоҷикистон тасдиқ намуда буд. Ниёзови 63-сола, аз соли 2001 то 2005 низ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон кор карда буд. Ӯ, ки унвони генерал-майориро дорад, солҳои охир ҳамчун котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон ифои вазифа намудааст. Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли равон парлумони Қирғизистон пешбарии номзадии Нур уулу Досболро ба ҳайси сафири фавқулодаи ин кишвар дар Тоҷикистон қабул накарда буд.
Аъзои Кумитаи умури хориҷии парлумони Қирғизистон аз нахуствазир ва раисиҷумҳури кишвари худ хоста буданд, то ба ин мақом шахси дигарро пешниҳод намоянд. Нур уулу Досбол, доктори илмҳои таърих, раиси собиқи Донишгоҳи миллии Қирғизистон буда, дар Шӯроби Тоҷикистон ба дунё омадааст.