Эътирози муфтиёт аз домани кутоҳи либосҳои мактабӣ
Идораи муфтиёти Қирғизистон алайҳи намунаи либоси ягонаи мактабии донишомӯзони духтар дар ин кишвар баромад карда, онро ғайримиллӣ ва аврупоӣ хондааст.
Ҳоҷӣ Равшан Эрматов, муовини раҳбари ин ниҳод гуфтааст, вазорати маорифи Қирғизистон барои донишомӯзони духтар либосеро интихоб кардааст, ки домани хеле кутоҳ дорад. Ӯ афзудааст, “ин либоси интихоб намудаи онҳо ба назари мо хеле доманаш кутоҳ аст. Албатта мо шомили гуруҳи корӣ дар робита будем, вале ончи дар сурат нишон доданд, бо ин либосҳои духташуда мувофиқат намекунад. Назари моро дар шаклу духти либосҳо барои духтарон ба назар нагирифтаанд.”
Идораи мутиёти Қирғизистон мегӯяд, расман дар ин бора ба ҳукумати кишвараш нома хоҳад навишт: “Мо мехоҳем ин масъала дубора баррасӣ шавад, шаклу духти либосҳои мактабӣ бештар ба аврупоӣ монанданду чизи хосси қирғизиеро дар онҳо дида намешавад. Боз дар ин либосҳо як рамзеро насб кардаанду мегӯянд, он наврасонро ҳимоят мекунад, чаро ба онҳо бояд аз кӯдакӣ хурофотгароиро омӯхт?”
Вазорати маориф ва илми Қирғизистон сару либоси нави мактабиеро барои донишомӯзони кишвараш интихоб кардааст, ки пӯшиши он аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ба роҳ монда мешавад. Ин ниҳод ҳар чанд мегӯяд, донишомӯзон дар пӯшидани ин навъи либос ихтиёр доранд, вале умедвор аст, ки то соли хониши 2015-2016 ҳамаи донишомӯзон онро ба бар кардаву аз сӯи волидайни онҳо низ хуб пазируфта хоҳад шуд.