Дархости Ёқуб Салимов аз Додгоҳ: Маро шартан раҳо кунед!
Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилӣ, сардори гумрук ва сафири пешини Тоҷикистон дар Туркия, ки беш аз 11 сол боз дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад, аз Додгоҳи олӣ хостааст, ӯро шартан пеш аз муҳлат озод кунад.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Шуҳрат Қудратов, вакили дифои Салимов хабар дода, афзуд, ки аризаи дахлдорро дар ин бора зерҳимояаш рӯзи 27-уми июн дар ҳузури ӯ навиштааст.
Қудратов мегӯяд, зерҳимояаш аз чор се ҳиссаи ҳукми додгоҳро дар боздоштгоҳ адо намуд ва тайи ин муддат вазъи саломатияш хеле бад шудааст: “Чашмонаш тақрибан намебинанд, аз дарди устухон, дил, гурда ва фишори баланд азият мекашад. Бо мурури замон ҷароҳатҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бардоштааш низ хуруҷ кардаанд.”
Бинобар ин ба гуфтаи Қудратов зерҳимояаш аз додгоҳ хост, ӯро шартан пеш аз муҳлат раҳо кунанд,чун то адои пурраи ҳукми додгоҳ ҳамагӣ 1 солу 8 моҳи дигар боқӣ мондааст: “Ин аризаи Салимов бояд 30-юми июн аз ҷониби раҳбари муассисаи ислоҳӣ ба Суди Олӣ, Додситонии кулл, дастгоҳи раисиҷумҳур ирсол мешуд. Аммо то ҳол муайян нест, ки ариза ба ҷои лозимӣ расид ё на.”
Ба иттилои манбаъ Салимов дар ин аризааш дархост кардааст, ки ба далели вазъи саломатӣ ақалан низоми нигоҳдорияшро дар боздоштгоҳ аз сахт ба сабуктар иваз кунанд.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ёқуб Салимовро 25 апрели соли 2004 ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Тибқи қонуни авф муҳлати маҳкумияти ӯ 2 сол кам шудааст. Бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин генерали собиқи тоҷик аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ маҳрум гардид. Салимов аз фармондеҳони Фронти Халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буда, гуфта мешавад, барои ба сари қудрат овардани ҳукумати кунунӣ нақши умда доштааст.