Муҷозоти ду довари тоҷик барои нагузаштани “фитнес-тест”
Шӯъбаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон, зери раҳбарии Сафар Каримов барои иштирок накардан дар “фитнес-тест” ду доварро ҷарима кардааст.
Бино ба иттилои ФФТ, Парвиз Муртазоев, довари ФИФА аз Душанбе ва Некрӯз Умаров, довари зинаи аввал аз Қӯрғонтеппа барои бидуни далел иштирок накардан дар ин санҷиш 200 сомонӣ (ҳар кадом) ҷарима шудаанд.