Таманниёти раиси нави Кумитаи ҷавонону варзиш ба хабарнигорон
Аҳтам Абдуллозода, раиси тозатаъини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон хабарнигорони риштаи варзиши кишварро бахшида ба рӯзи касбияшон, ки ҳамасола 2 июл ҷашн гирифта мешавад, шодбош гуфта, ба онҳо барои инъикос ва тарғибу ташвиқи бахши варзиш изҳори миннатдорӣ кардааст.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Абдуллозода иброз доштааст, ки кумита пайваста бо намояндагони расонаҳои хабарӣ дар иртибот мебошад ва барои ҳамкорӣ бо журналистон ҳавасманд аст.
Номбурда дар номаи табрикотии худ қайд намудааст, ки боварӣ дорад, аҳли қалам минбаъд низ барои тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, тарзи ҳаёти солим ва расонидани иттилоот аз навгониҳои варзиши кишвар ва ҷаҳон ба аҳолӣ гомҳои устувор мегузоранд.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабарнигорон алами бурро, азми қавӣ, бахту иқболи баланд ва дар фаъолияти пурмасъулаташон барору комёбиҳо таманно кардааст.