Фурӯши кӯдак ба ивази 200 $-у 150 сомонӣ дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як модари 26-сола дар Душанбе хабар додааст, ки дар фурӯши фарзанди навзодаш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ боздоштшуда, сокини шаҳри Турсунзода, ки қаблан низ суд шудааст, моҳи майи соли 2012 дар таваллудхонаи рақами 1-и Душанбе духтар таваллуд карда, баъдан ӯро фурӯхтааст. Ба иттилои манбаъ духтарчаро як зани 38-сола аз ноҳияи Ваҳдат ба ивази 200 доллару 150 сомонӣ гирифтааст.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.