Андозгурезҳои тоҷик дигар ба ҷазираҳои Британия роҳ намеёбанд?
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Лондон бо баронесса Саида Варсӣ, вазири аршади давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Британияи Кабир созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расонидаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки Сироҷиддин Аслов инчунин 1-уми июл бо вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир Алан Дункан мулоқот намудааст. Ба иттилои манбаъ зимни ин мулоқот ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар баррасӣ шудаанд.
Ин созишҳо дар умури иқтисод, андозбандию мубориза бо андозгурезҳо дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон ҳамасола аз Тоҷикистон миллионҳо доллар ба минтақаҳои офшори Британияи Кабир интиқол дода мешаванд.