Ҳазфи "Шом"-у "Ироқ" аз ДИИШ ва нахустин паёми "халифа"
Абӯбакр Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ), ки ахиран худро "халифа"-и мусулмонон эълон кард, дар нахустин паёмаш пайравони дини мубини Исломро барои ҷиҳод дар Сурия ва Ироқ даъват кардааст.
Ӯ дар ин паёмаш ҳиҷрат ба “Давлати исломӣ”-и худро "воҷиб" хонда, аз мусулмонон хост, тарки ин воҷиб накунанд. “Дар ин моҳи пурбарак ҳеч амале беҳтар аз ҷиҳод дар роҳи Худо нест. Аз ин рӯ, ин фурсатро ғанимат шумореду бо ҷиҳод дар роҳи Худо ба кӯмаки дин шитобед,” афзудааст, Бағдодӣ
Дар ҳамин ҳол, гуруҳи “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” вожаи Ироқу Шомро аз номи худ ҳазф карда, худро “Давлати исломӣ” эълон кард.
Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ аст, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбари он Абӯбакр Бағдодӣ мебошад.
Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия шудааст, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кард. Ба гуфтаи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”, ин ҳаракати ба ном “исломӣ” шаҳрҳои Мавсил ва Тикрити Ироқро таҳти тасарруфи худ қарор дода, ҷанговарони он қасди ғасби Бағдодро доранд. Инчунин контроли гузаргоҳи аслии марзии миёни Ироқ ва Сурияро дар ихтиёр дошта, шаҳри Абӯ Камоли Сурия, ҳаммарзи Ироқро низ ғазб кардаанд.