Иҷозаи Амнияти Амрико барои ҷосусӣ дар Тоҷикистон: Суҳбатҳои президентро гуш кардаанд?
Оҷонсии амнияти миллии Амрико иҷозаи ҷосусӣ дар 193 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистонро доштааст.
Ин нуқта дар пайи омӯзиши асноди ифшокардаи Эдвард Сноуден, собиқ корманди ин Оҷонсӣ муайян шудааст. Тавре Washington Post бо такя ба ин аснод иттилоъ медиҳад, бо қарори додгоҳ Оҷонсии амнияти миллӣ иҷоза гирифтааст, дар 193 кишвари дунё фаъолияти ҷосусиро пеш барад: “Аз ҷумла ҳақ доштааст, суҳбатҳои телефониро гуш кунанд, мукотиботи электрониро омӯзанд,”
Тибқи созишномаҳои Амрико хадамоти ин кишвар танҳо ҳаққи ҷосусӣ дар чор кишвар-Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Зеландияи Навро надоштаанд.
Намояндагони Оҷонсии амният изҳор доштаанд, ки вуҷуди иҷозатнома маънои онро надорад, ки ҳатман дар қаламрави ин кишварҳо фаъолияти ҷосусӣ амалӣ шудааст. Ба иттилои ин ниҳод баъди ифшокориҳои Сноуден раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имкониятҳои ҷосусонро маҳдуд кардааст ва аз ҷумла дастур шудааст, гӯш кардани суҳбатҳои телефонии сарони давлатҳо қатъ гардад, то замоне, ки зарурати сахт набошад.
Ин дар ҳолест, ки Шерхон Салимзода, додситони кулл ахиран дар нишасти хабарии худ изҳор дошт, ки иттилоеро дар мавриди гӯш кардани тамосҳои телефонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти амниятии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрико дарёфт накардаанд.
Ӯ изҳор дошт, мақомоти қудратии кишвар ягон иттилое дар бора гӯш кардани телефонҳои шахсии роҳбарияти ҷумҳуриро аз ҷониби Хадамоти амнияти миллии Амрико надоранд. Ин дар ҳолест, ки Эдвард Сноуден, собиқ корманди мақомоти амниятии Амрико эълон намуд, масъулини амнияти ин кишвар тамосҳои телефонии даҳҳо роҳбарони кишварҳои ҷаҳонро гӯш мекунанд.