Насруллоев: Аз Ҷӯраев ҳанӯз дараке нест!
Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи Нозимхон Ҷӯраев, собиқ раиси корхонаи спирти Исфара мегӯяд, аз макони будубоши зерҳимояаш хабаре надорад. Ҷӯраев, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дошт, ду ҳафта қабл аз Душанбе ғайб зад ва мақомот ӯро мавриди кофткоб қарор додаанд.
Насруллоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, замони дар ҳабс будани Ҷӯраев пайваста бо ӯ дар иртибот буд: “Аммо дар бораи гумшавии зерҳимояам ман чизе гуфта наметавонам, чун далеле надорам. Фарзияҳои ман метавонад ба зарари зерҳимояам анҷом ёбанд.”
Ин вакили дифоъ илова намуд, ки рӯзи 23-уми июн аз Додгоҳи Олӣ занг зада, гуфтаанд, ки зерҳимояаш фирор кардааст ва ӯро дар пайгард қарор додаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои аввали гумшавии Низомов, Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, дар ғайб задани Низомхон Ҷӯраев – соҳибкори боздоштшудаи тоҷик кормандони Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон айбдор кард. Ӯ дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, “агар, дар ҳақиқат, Ҷӯраев фирор карда бошад, кормандони масъули Оҷонси зидди фасоди молии кишвар бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд.”
Ба гуфтаи Қудратов, ин соҳибкори боздоштшудаи тоҷик аз замони “омадан”-аш ба Тоҷикистон дар бинои Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар нигаҳдорӣ шуда, таҳти назорати кормандони оперативии ин ниҳод қарор доштааст: “Ҳуҷраи нигаҳдории Ҷӯраев бо утоқи кории Абдуфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саидов), раиси Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар девор ба девор буд. Ӯ шабу рӯз зери назорати кормандони оперативии агентӣ буда, ҳатто бе онҳо, яъне кормандоне, ки ӯро нигоҳубин мекарданд, ба дастшӯӣ намерафт.”
Шуҳрат Қудратов бо ишора бар ин ки макони будубоши ин соҳибкори боздоштшударо ҳоло бояд аз раҳбари Оҷонсии зидди фасоди молӣ пурсид, афзудааст, фикр мекунам, “Низомхон Ҷӯраев рисолаташро дар назди мақомот иҷро кард.” Низомхон Ҷӯраев, ки ӯро дар Тоҷикистон бо чанд иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ муттаҳам медонанд, 18 августи соли 2010 дар яке аз минтақаҳои шаҳри Маскав аз сӯи пулиси Русия бо дархости ҷониби Душанбе боздошт гардида буд. Додгоҳи олии Русия дар он замон ба қароре омада буд, ки ӯро ба ватанаш истирдод кунад. Вале дар пайи эътирозҳои шадиди ҳуқуқшиносон аз ин қарори худ даст кашид.
Дар ибтидои соли 2012 Ҷӯраевро аз боздоштгоҳи Зеленогради Русия раҳо намуданд. Вале баъд аз чанд муддати беному нишон гардиданаш нохост дар Тоҷикистон аз худ дарак дод. Ӯ тариқи телевизионҳои давлатии кишвар гуфта буд, ба Ватан бо хоҳиши худ омадааст, то ба мақомот таслим шавад. Ба гуфтаи Ҷӯраев, гӯиё ӯ аз Русия тариқи қаламрави Қазоқистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон омадааст. Вале ба навиштаи расонаҳои хабарӣ Низомхон Ҷӯраев аз тарафи чанд тан аз ҳамватанони худ рабуда, ба Ватан оварда шудааст.
Баъд аз боздошт ва оғози мурофиаҳои додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раҳбари Ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав моҳи сентябри соли гузашта дубора номи Ҷӯраев дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифт. Оҷонсии зидди фасоди молӣ он вақт бо такя ба нишондоди Низомхон Ҷӯраев эълон кард, ки гӯиё Зайд Саидов дар замони вазири саноат буданаш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ ба зӯрӣ гирифтаву дар иваз пуштибонияшро ваъда додааст. Иттилое, ки баъдан Зайд Саидов воқеияти онро рад карда, дурӯғе беш надонист.