Ширкатҳои истеҳсолкунандаи оби нушокӣ дар Хуҷанд қиммати маҳсулоти худро 10 фоиз боло бурдаанд. Нозим Атаев, масъул оид ба фурӯши маҳсулоти ширкати «33» -и шаҳри Хуҷанд ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, афзоиши қиммати «Оби Ширин» дар ширкати онҳо бар асари гарон шудани вуруди сарпӯш ва зарфҳои полиетиленӣ аз хориҷи кишвар ба амал омадааст.
Вай мегӯяд, қиммати сарпӯш ва зарфҳои обгир, ки аслан Хитой ворид карда мешаванд, боло рафтааст ва ин ҳол ба маҳсулоти ширкатҳои обистеҳсолкунанда бе таъсир намондааст.
Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳур дар оғози моҳи мубораки Рамазон аз кулли соҳибкорони кишвар даъват намуд, ки арзиши маҳсулоти худро коҳиш диҳанд. Зимнан, моҳи Шариф ба анҷом нарасида гаронии нархҳо дар бозорҳои вилояти Суғд ба мушоҳида мерасанд.
Гуфтанист, «Оби Ширин» аз зумраи обҳое маҳсуб мешавад, ки аксари мардуми шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофии он дар вақти ифтор аз он истифода мекунанд.