Х. Хусравов: Мусобиқаҳои расмии моро бештар дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мактаби маҳорати олии варзишӣ дастгирӣ мекунад. Аз сарпарастоне, ки сарватманд ҳастанду барои ба мусобиқа рафтани ман саҳм мегузоранд, ташаккур мекунам. Онҳо низ кӯмак мекунанд.
Озодагон: Яъне, ҳоло ҳама проблемаҳо ҳал ва мушкилот надоред?
Айни ҳол мушкили ҳар як варзишгари тоҷик ин надоштани сарпарасти хуб мебошад. Худатон медонед, ки барои тарбияи як варзишгари сатҳи байналмилалӣ маблағи зиёд даркор аст, то дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намояд. Маблағ натанҳо барои сафарбар шудан ба мусобиқаҳои балналмилалӣ, балки барои манзили зист, шароити иҷтимоӣ, ғизо ва ғайра зарур аст...
Озодагон: Машқу тамринро аз чанд солагӣ шурӯъ кардед ва дар куҷо? Метавонед, касеро ҳамчун шогирд ном бубаред?
Х. Хусравов: 6 сола будам, ки падарам маро ба толори варзишии маркази ноҳияи Ванҷи Бадахшон бурд. Аз ҳамон рӯз машқи ман шурӯъ шуд ва инак, 15 сол боз болои гилеми татамӣ мебошам. Аввал дар маркази ноҳия, баъдан дар вилоят шаҳри Хоруғ ва ҳоло чанд сол боз дар пойтахти кишвар. Бояд гуфт, ман дар ду мактаби ноҳия, макатби рақами 4-и Рохарв ва рақами 16-и Вотхуд таҳсил кардаам. Ман ҳоло худам шогирд ҳастам, аммо ҳастанд бачаҳое, ки мо бо онҳо тамрин мекунем ва онҳо барои мо мисли додар, мисли шогирд ҳастанд. Зафарҷон Алиев, ки шогирди Маҳмадшариф Сулаймонов ҳастанд, тайи чанд сол аст мо бо ӯ машқ карда истодаем ва онч изе, ки ман меомӯзам ба Зафар низ меомӯзонам. Зафарҷон чемпиони Тоҷикистон дар вазни 56 кило мебошад. Дар Тошканд дар чемпионати Осиё дар байни наврасон дар риштаи самбо иштирок карда, барандаи ҷои дуввум гардид.
Озодагон: Ба ғайр аз варзиш боз ба ягон кори дигар низ шуғл доред?
Х. Хусравов: Донишҷӯи донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошам, ба ғайр аз гӯштин ба волейбол, футбол ва давидан низ машғулам. Аммо гӯштин бароям аз ҳама намудҳои дигари варзиш болотар аст...