Баҳси боздошти Содиқов зимни сафари Аслов ба Лондон
Як гуруҳ олимони донишгоҳҳои Британияи Кабир бо пахши як муроҷиатнома аз Вилям Хейг, вазири умури хориҷии кишварашон хостаанд дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов масъалаи боздошти беасоси Александр Содиқов, унвонҷӯи донишгоҳи Торонторо ба миён гузорад.
Ин гуруҳи олимон аз ҳукумати кишварашон хостаанд, аз Аслов, ки бо сафари корӣ дар Лондон қарор дорад, талаб карда шавад, ки Содиқов аз боздоштгоҳ раҳо гардад, чун иттиҳоми ҷосусӣ алайҳи ӯ хандаовар буда, ягон далел надорад: “Бо вуҷуди ин иттиҳоми хандаовари бедалел ин пажуҳишгари ҷавон ҳамоно дар боздоштгоҳ қарор дорад ва ин ҳолат моро нигарон намудааст.”-омадааст дар муроҷиатнома.
Олимони бритониёгӣ боздошти Содиқовро монеагузорӣ дар пажуҳишҳои илмӣ хонда, таъкид намудаанд, ки ин қазия обрӯи Тоҷикистонро мекоҳонад.
Дар ҳамин ҳол боздошти Содиқов феълан дар сархати хабарҳои расонаҳои маъруф, аз қабили Гардиан, Ню Йорк Таймс, Ал Ҷазира, Економист, Бӣ-Бӣ-Сӣ ва дигарон қарор дорад.
Инъикоси ин қазия дар ҳолест, ки Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон 1-уми июл бо сафари корӣ озими Бритониёи Кабир шуд ва ба иттилои мақомоти тоҷик аллакай бо вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир Алан Дункан мулоқот намуд. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, зимни ин мулоқот ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон баррасӣ шудаанд, вале аз қазияи Содиқов хабаре надодааст.
Содиқов баъд аз зуҳри 16 июн бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст. Аммо худи Содиқов мегӯяд, бо фармоиши Донишгоҳи Эксетери Британия ба пажуҳиши масъалаи идораи низоъҳо дар Хоруғ машғул буд. Иттиҳодияҳо илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ бо пахши изҳорот аз Содиқов ҳамчун пажуҳишгар ҳимоят доранд.
Дар акс Аслов бо Алан Дункан