Ҳалокати яке аз заҳролудшудагон аз қурутоб дар ноҳияи Панҷ
Мирзохуҷа Насриддинов, сардори як хонавода дар ноҳияи Панҷ, ки ахиран аз истеъмоли қурутоб заҳролуд шуданд, имрӯз, 1-уми июл дар беморхона ҷон бохтааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ хабар дода, афзуданд, ки феълан аъзои дигари ин хонаводаи заҳролудшуда дар ҳолати муътадил қарор доранд: “Ду узви ин хонавода мураххас шуда, чор нафари дигар зери назорати табибон қарор доранд.”
Қазияи заҳролудшавӣ нисфирӯзи 29-уми июн дар пайи истеъмоли қурутоб дар манзили зисти Насриддинов сурат гирифтааст. Мақомот дар қатори заҳоролудшудагон Мирзоева Сарвар соли таваллудаш 1983, Насриддинова Омина соли таваллудаш 2011, Мирзоева Сафаргул соли таваллудаш 2008, Насриддинова Тахмина соли таваллудаш 2013, Назришоев Нозим соли таваллудаш 1964 ва Хабиров Ҳамза соли таваллудаш 1981-ро номбар карданд.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл дар пайи истеъмоли шаурма ҳудуди 10 сокини Душанбе дар кӯчаи Гулистон заҳролуд шуда, дар беморхона бистарӣ гардида буданд.