Зимни дидор таваҷҷӯҳи асосӣ ба роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, қабл аз ҳама гидроэнергетика, саноат, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо сурат гирифт. Аз омода гаштани навбати аввали нерўгоҳи обии Сангтўда -2 ва омодагии ҷониби Эрон ба иштирок дар бунёди дигар нерўгоҳҳои Тоҷикистон, хатти интиқоли нерўи барқ ва хатти об аз Тоҷиқистон ба Эрон ва пайвасти роҳҳои оҳани ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни Тоҷикистону Эрон се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати нерўи ҷумҳурии Исломии Эрон; Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ миёни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҳамчунин, баёнияи муштараки президенти Тоҷикистон ва президенти ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ба имзо расид.Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои гуфтушуниди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба дурнамои муносиботи дўстӣ ва ҳамкории судбахши бисёрпаҳлўи Тоҷикистону Эрон баҳои баланд доданд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}