Карзай санаи интиқоли қудрат ба президенти навро эълон кард
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури амалкунандаи Афғонистон изҳор доштааст, ки баъди панҷ рӯзи Иди Фитр курсияшро ба ихтиёри президенти нав мегузорад. Ҳомид Карзай дар мавриди ин тасмимаш дар мулоқоте бо рашбарони вилояти Баглон изҳор доштааст, хабар медиҳад оҷонсии “Бохтар”.
Ёдовар мешавем, натиҷаҳои аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 2 июл ва натиҷаҳои ниҳойии он бояд 22 июл эълон шавад.