Боздиди раиси Суғд аз хонаводаи баскетболбозони ҳалокшуда дар Истаравшан
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба наздикони 4 баскетболбози наврас ва мураббияшон, ки дар пайи садамаи нақлиётии рӯзи 23 июн дар дараи Варзоб фавтидаанд, изҳори ҳамдардӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ барои изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ ба Истаравшан сафар карда, ба аҳли оилаи ҳалокшудагон ва пайвандони эшон сабри ҷамил хостааст.
Хотиррасон мекунем, ки шоми 23 июн мошини ҳомили тими мунтахаби наврасони Истаравшан оид ба баскетбол дар роҳ ба Душанбе ба дарёи Варзоб сарозер шуданд, ки дар натиҷа мураббии 44-сола ва 4 шогирди ноболиғаш аз шаҳри Истаравшан ба ҳалокат расиданд.