Оғоз гардидани чунин китоби бузург ва рисолати хотами пайғамбарон ба илмомўзӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи мазкур дар дини мубини ислом мақому манзалати бисёр баланд дорад.Ин аст, ки дар ислом мақоми олимон ва соҳибони илму маърифат аз ҳама қишрҳои ҷомеа болотар гузошта шуда, омўзиши илм аз ҳар амали дигаре боарзиштар ва муфидтар қаламдод гаштааст. Дар баробари он, ки меҳвари қиссаҳои паёмбаронро ситоиши илму дониш ва мазаммати ҷаҳлу нодонӣ ташкил медиҳад, паёмбари гиромӣ ҳам талаб кардани илмро бар ҳар зану марди мусулмон фарз гуфтааст.Оятҳои фаровони қуръони карим одамиро ба дарки равандҳои ҳаёт даъват намуда, ин амалро роҳи расидан ба саодат медонанд. Дар ҳақиқат, агар инсони ҷўёи илм ба дунёву атрофаш назар андозад, худро беҳтар шинохта, нақшу ҷойгоҳ ва масъулияти худро дар рўёрўи ин ҳама неъматҳо амиқтар дарк мекунад.Модом ки ҳадафи дину шариат ба саодат расонидани инсонҳо бошад, оятҳои қуръони карим ба мо башорат медиҳанд, ки бо илму дониш ва огоҳиву маърифат метавон ба он расид. Пас, биёед дар роҳи илмомўзӣ ва азхуд кардани касбу ҳунар қадам бардорем ва аз илмҳои гуногуни замонаи худ баҳраманд гардем.Бузургон фармудаанд: маънии Қуръон адаб аст. Дар ин замина лозим ба ёдоварист, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ масъалаи тарбияи ахлоқи ҳамидаи ҷавонон аҳамияти бештар касб намудааст.
Ба қавли Расули акрам, беҳтарин ҳадяи волидайн ба фарзанд тарбияти хуб ва писандида аст ва агар шахсе фарзандашро хуб адаб омўзад, беҳтар аз он аст, ки миқдори моле садақа диҳад; падар ба фарзанди худ ҳеҷ ҳадяеро беҳтар ва бартар аз тарбияти хуб набахшидааст.Пайғамбари акрам ҳамчунин дар як ҳадиси муборак фармудаанд: «Фарзандонатонро эҳтиром бигузоред, ононро хуб адаб омўзед ва ахлоқу рафторашонро неку ислоҳ намоед».
Воқеан, фарзанд дар баробари он, ки аз ҷумлаи атоҳои Худованд аст, дар назди волидайни худ ҳамчун амонат низ мебошад. Волидайн ба ин амонат набояд хиёнат кунанд. Волидайн ва мураббиву муаллиме, ки дар бобати таълиму тарбияи кўдакон кўтоҳӣ кардаанд, дар муҷозот ва гуноҳу хилофкории онҳо шарик хоҳанд буд.Тавре ҳамаи шумо медонед, аз ҷумлаи анъанаҳои неке, ки барои истиқболи иди саиди Фитр аз Паёмбари гиромиқадр ба умматонаш мерос мондааст, дар ин рўз манзилу маҳалли зисти худро тозаву озода кардан, либоси тозаву озодаи худро пўшида, бо шодиву нишот ба идгоҳ рафтан ва ҳамдигарро ба оғўш гирифта, табрик кардан аст.Анъана ва суннати неки дигаре, ки дар рўзҳои ид анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон хайру саховат кардан мебошад.Дар Қуръони карим инфоқ, яъне хайру садақа кардан дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рўз, пинҳону ошкоро ва ҳангоми тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рў, ҳар кас ба қадри тавону дороии худ бояд дар садақа кардан кўшиш ва ҷидду ҷаҳдро ба кор барад. Садақаи фитрро диҳад,
хайрот кунад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва накўкорӣ кўшиш намояд. Ҳикмати садақа додан дар он аст, ки ислом инсонҳоро таълим медиҳад: танҳо пайи нафси хеш набуда, дар фикри якдигар бошем, зеро инсоният танҳо дар ҳамбастагиву дастгирии ҳамдигар саодатманд хоҳад шуд.Вобаста ба ин, бори дигар хотинишон месозам, ки садақаи фитр ва хайротро ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бепарасторон додан савоби чандинкарата зиёд дорад.Аз ҷумлаи бузургони дин Абулфазл Муҳаммад ибни ҳасани Хутталӣ фармудааст: «Дунё як рўз ва моро дар он вазифа рўза аст». Воқеан, фарди мўъмину мусулмон бояд на танҳо дар моҳи шарифи Рамазон парҳезкору тақводор бошад, балки ҳамеша аз пайи покии ботину зоҳир кўшида, ба хоири инсони комил будан талош варзад.Дар маҷмўъ, дуруст анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ, танзими маъракаву маросимҳо, тарбияи насли наврас, тарғиби омўзиши илму ҳунар, омода кардани мутахассисони созандаву эҷодкор ва соҳибони ояндаи ободи Ватан дар раванди бунёди давлати миллии соҳибистиқоламон пайванди ногусастании арзишҳои миллӣ, динӣ ва фарҳангии мо хоҳад буд.Бо чунин ниятҳои нек, моҳи шарифи Рамазонро хайрбод гуфта, ҳамаи шумо - хурду бузурги Ватани азизамонро дар арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон - бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ бори дигар бо фарорасии иди саиди Фитр аз самими қалб муборакбод менамоям. Худованд тоату ибодат ва дуову дуруди шуморо дар ин моҳи муборак мақбули даргоҳи худ гардонад! Ба ҳамаи шумо, бахту иқболи баланд, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, хушбахтиву некрўзӣ, дили шоду хонаи обод ва муҳимтар аз ҳама, неъмати бузурги суботу оромӣ ва осоишро орзумандам.
Сарбаланду хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!