Мерседеси зиреҳпуши муфтиро таркондаанд
Мошини муфтии Ингушистони Русияро таркондаанд. Дар ин бора худи Солеҳ Хамхоев хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, афроди номаълум мошини тамғаи Мерседесашро, ки зиреҳпуш аст, субҳи 29 июн мунфаҷир кардаанд. Замони таркиш дохили мошин касе набудааст. Солеҳ Хамхоев, ки аъзои Шӯрои муфтиёни Русия мебошад, инфиҷори мазкурро кори дастаи ҷинояткороне гуфта, ки моҳи январи соли 2013 ба сӯи хонааш дар шаҳри Назран тирандозӣ карданд.