Аслов бо Кендзо Ҳирокӣ дар Токио дар бораи об суҳбат карданд
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафари расмияш ба Ҷопон бо Кендзо Ҳирокӣ, узви Котиботи Созмони Милали Муттаҳид доир ба масъалаҳои об ва беҳдошт вохурдааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ вохурии Аслов бо Кендзо Ҳирокӣ рӯзи 29 июн дар шаҳри Токио баргузор шуда, дар он ҷонибҳо роҷеъ ба масоили робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон, ҳамкорӣ дар доираи СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Вазорати умури хориҷии кишвар мегӯяд, Аслов инчунин бо Ҳирокӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, амнияти обӣ ва беҳдошт гуфтугӯ намудаанд.
Сироҷиддин Аслов дар доираи як сафари расмӣ рӯзи 26 июн озими Ҷопон шуда буд.