Идораи умури дохилии Суғд аз боздошти қотилони зану шавҳар Нигора Орипова ва Шӯҳрат Ҷалолов, сокинони Истаравшан хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи баргузории як амалиёти вижаи кормандони милиса рӯшан шудааст, ки Мирзо Олимов, сокини 36 сола ва яке аз дастандаркорони куштори Шӯҳрат Ҷалолови 36 сола ва ҳамсараш Нигора Орипова, аз сокинони ноҳияи Истаравшан , баъд аз зӯҳри 23- уми августи соли равон пас аз панҷ рӯзи содирнамоии куштор даст ба худкушӣ бурдааст ва аммо шарики ӯ Фахриддин Мирбобоев, сокини Истаравшан ва аз дигар дастандаркорони куштори Шӯҳрат ва Нигора дар ҳоле мавриди боздошти мақомоти корҳои дохилӣ қарор гирифтааст, ки бо пайдо кардани далелҳои шайъӣ ба мисли табару корди хоҷагӣ, ки дар онҳо моддаи сурхчатоби ба хун монанд мушоҳида карда мешавад ӯ иқрор кардааст, ки барои куштори Шӯҳрат Ҷалолов ва хамсараш Нигора Орипова аз ин олотҳо истифода кардаанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки куштори ин ду нафар дар рӯзи 19 августи соли равон дар замоне рух дода буд, ки Мирзо Олимов ва Фахриддин Мирбобоев, бо маслиҳати пешакӣ ба манзили Шӯҳрат Ҷалолов дар кӯчаи Авесто-19-и Истаравшан, ки ин соҳибхона дар бозор ба муомилоти пул машғул будааст, ворид шуда, дар ҳоҷатхонаи он пинҳон шудаанд ва ба ҳангоми омодани соҳиби хона ӯро бо зарби табар ба пешонааш аз пай дарафтонида, бо истифодаи корди хоҷагӣ ба ҳалокат расонидаанд. Аз ин ҳодиса ҳамсари Шӯҳрат пай бурда, ба ҷои ҳодиса меояд ва ӯро ҳам аз корд ба тахтапушташ зада ба ҳалокат расонида ва пас аз чунин амали зишт, онҳо вориди ҳуҷраи истиқомати онҳо шуда 7 ҳазор доллари амрикоӣ ва 28 ҳазор сомониро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб зада будаанд-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}