Собиқ сафири Бритониё пешниҳод кардааст, тавлиди маводи мухаддири Афғонистон қонунӣ шавад
Уилям Пэйти, сафири пешини Бритониёи Кабир дар Афғонистон пешниҳод кардааст, мушкили ҷиноёти марбут ба маводи нашъадор бо роҳи қонунӣ кардани тавлиди он дар кишвари исломӣ ҳал карда шавад.
“Агар мо имкони даст ёфтан ба мувафақият дар мубориза бо интиқоли маводи мухаддирро надорем, пас ба унвони роҳи алтернативӣ талоши маҳдуд кардани истифодаи маводи мухаддирро бо роҳи шакл додани институти интиқоли қонунии он, бо василаи фурӯши қонуниро пешниҳод мекунам”, – навиштааст ин дипломати бритониёӣ дар як матлабаш. Ба таъкиди Уилям Пэйти, чунин роҳ на танҳо имкони наздик шудан ба ҳалли маҳв намудани хатари маводи мухаддири Афғонистонро медиҳад, балки дар истеҳсоли маводи дорувор ҳам кӯмак мерасонад. Ӯ пешниҳод карда, ки назорати интиқоли афюн ба ихтиёри кормандони соҳаи тиб дода шавад.
Вай гуфта, вақти ба ҳайси сафир ба Афғонистон рафтанаш ҷонибдори андешаҳо дар мавриди мубориза бо маводи нашъадор буд, аммо тайи ду соли ахир ба муассир набудани ин стратегия бовар намуд, навиштааст рӯзномаи “Гардиан”.