Бо мақсади пешгирӣ намудани воридоти ғайриқонунӣ, истеҳсол, фурӯш ва паҳншавии маводҳои аудио-видеовизуалии маънои фаҳшу зӯроварӣ ва экстеримистидошта дар давоми моҳи август дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Чкалов, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Б. Ғафуров, Зафаробод, Ашт, Ҷ. Расулови вилояти Суғд рейдҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.
Дар натиҷа аз нуқтаҳои паҳнкунӣ ва фурӯши маҳсулоти аудио - видеовизуалӣ 741 – адад дискҳои пастсифат мусодира карда шуда, нисбати соҳибкорон 52 санад тартиб дода шуд. Ҳамчунин, барои бе иҷозатнома фаъолият намудани соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Б.Ғафуров, Зафаробод, Ашт 12 протокол тартиб дода шуд.Бояд зикр кард, ки то ин дам аз нуқтаҳои фурӯш 120 адад фитаю дискҳои пастсифат мусодира гардида буд. Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.