Кофтукоби ҷасади баскетболбозон ва Турсунов дар Варзоб идома дорад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол ҷасади се баскетболбози навраси тоҷикро, ки шоми 23-юми июн дар дарёи Варзоб ғарқ шудаанд, то ҳол пайдо нашудааст.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба “Озодагон” гуфт, феълан баробари кофтукоби се баскетболбоз аз Истаравшан-Саидусмонхон Исоев, Исмоил Ҳамдамов ва Беҳрӯз Ҳомидов инчунин ҷустуҷӯи ҷасади Абдуқаҳҳор Турсунов, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар дарёи Варзоб идома дорад: “Абдуқаҳҳор Турсунов дар пайи садамаи 24 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Варзоб ғарқ шуда, бедарак гардид.”
Мошини ҳомили тими мунтахаби наврасони Истаравшан оид ба баскетбол шоми 23-юми июн дар роҳ ба Душанбе ба дарёи Варзоб сарозер шуд, ки дар натиҷа мураббии 44-сола ва 4 шогирди ноболиғаш ба ҳалокат расида буданд. Садама дар километри 36-ум рух дода ҳамагӣ як нафар ҷон ба саломат бурд. Исоев Ҳусейнҷони 16-сола, писари мураббии фавтида дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, то ҳол танҳо ҷасади ронанда ва як шогирдаш пайдо шуда, кофтукоби ҷасадҳои дигар идома дорад.