Ин бегоҳ дар варзишгоҳи мавсум ба «Металлург»-и шаҳри Турсунзода даври сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 оид ба футбол миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Ӯзбакистон сурат мепазирад.
Зимни ташреҳи ин хабар аз Федератсияи футболи кишвар ба «Озодагон» гуфтанд, ки дастаи яккачини футболбозони кишвари ҳамсоя таҳти сарпарастии сармурабии даста Вадим Абрамов аллакай вориди Душанбе шудаанд.Дар ҳамин ҳол, Абрамов дар ҳузури хабарнигорон иброз доштааст, ки рақобат дар ин давр шадид сурат мегирад, зеро ҳар ду даста новобаста аз вазъи молиявӣ ва техникиашон бозии хубро омӯхтаанд. Сармураббии тими миллии Ӯзбакистон аз ҳолати хуби варзишгоҳи «Металлург» изҳори қаноатмандӣ карда, ба анҷоми мусбати бозӣ ишора кардааст.{jathumbnail off}