Аз Ваҳдат то Ваҳдат: “Задухӯрд”-ҳо шадидтар мегарданд
Азизи НАҚИБЗОД
Устод Муъмин Қаноат соле пеш дар як мусоҳибааш гуфта буд: «Ҷанг дар Тоҷикистон тамом нашудааст. Ҷанги бесилоҳ идома дорад». Ба назар мерасад, ин аҳвол бо гузашти беш аз як сол шадидтар мегардад.
Шояд устод Қаноат бо ин гуфтаҳояш мехост моро аз ғафлат бедор созад. Аз як балое, ки ба сари миллат омаданист, ҳушдор диҳад. Шояд интизор дошт, мо ба худ хоҳем омад ва даст аз ҷанги бесилоҳи миллатсӯз бархоҳем дошт. Умедвор буд, ки мо ба умқи гуфтаҳояш тафаккур намуда, аз оқибати ин раванд андеша хоҳем кард. Билохира, баҳри тағйири вазъ даст ба кор хоҳем шуд. Аммо…
Мо ба худ наомадем. Андеша накардем. Баръакс, алайҳи устод шӯридем. Тамоми дарҳоро ба рӯяш бастем. “Антипартийный” эълон кардем.
Натиҷа чӣ шуд? Ба чӣ ноил гаштем?
– Ҳеч!
Чун мо ба омӯхтану аз миён бурдани мушкил напардохтем. Мо тамоми нерӯямонро барои он сарф кардем, то «исбот» намоем, ки чунин мушкил вуҷуд надорад ва устод Қаноат нодуруст мегӯяд.
Тазоди ду гурӯҳ
Ҷанги бесилоҳи мавриди назари устод Қаноат тавре ишора шуд, ҳоло ҳам идома дорад. Ин ҷанг ҳарчанд кушта надорад, вале гурезаву ҷабрдида дорад. Ин ҷанги замин, ҷанги манзилу макон, ҷанги мавқеъву мартаба, ҷанги мансаб, ҷанги раставу бозор, ҷанги молу мулк ҷанги тиҷорат, ҷанги ақида, ҷанги маҳал… аст.
Гуфтаҳои устод Қаноатро наметавон валиёна шумурд, барои дарки он танҳо андаке фаросат ва барои иброзаш ҷуръату ҷасорат бояст дошт, ки устод ҳардуро бешак дорост. «Ҷанги бесилоҳ идома дорад», яъне ваҳдати миллат онгуна, ки мехостем, ба миён наомад.
Як гурӯҳ дар тамоми ҷумҳурӣ аз ҳамаи имкониятҳо бархӯрдоранд. Намояндагони ин гуруҳ мушкили замин, манзил ва ҷои кору таҳсил надоранд. Фарзандони эшон «облава» намешаванд. Модарони онҳо ранҷи фироқи бачаҳои муҳоҷирашонро намекашанд. Шаш моҳи сол азоби торикиву сардӣ ва бебарқӣ кашидан ба онҳо рабт надорад. Таппак чист, ангишт чӣ нархе дорад, «кайфият»-и дуд ба онҳо бегона мебошад. Соатҳои дардовари нтизории нақлиёти ҷамъиятиро эҳсос намекунанд. Нодорӣ чӣ мафҳумест, камбизоатӣ чӣ қадар аламнок аст, ин тоифа фаромӯш кардаанд. Тамоми хостаҳои эшон бо як занги телефон дар ҷояш ҳал мегардад.
Гуруҳи дигар тамоми мушкилоти зикршударо доранд, балки бештар аз он. Шумо тасаввур мекунед, вақте 50-сола бошию аммо дар ватанат як порча замин барои сохтани кулбае надиҳанд, чӣ қадар дарднок аст? Барои чунин нафарон аз «тинҷӣ» гуфтан аз «шукр» ҳарф задан ранҷовартар аз бемакониаш аст. Ин гуруҳ аксаран аз ҳисоби фарзандони муҳоҷирашон ба сар мебаранд. Фарзандони онҳо аз ночорӣ, аз ноилоҷӣ рӯ ба ҳиҷрат ниҳодаанд. Аз бекорӣ аз маҳдудияти имконият. Фарзандон ранҷи ғурбат мекашанду волидону пайвандон дарди фироқ. Сол ба сол саффи ин ҷамъ зиёдтар мегардад. Солҳои охир ба лашкари муҳоҷирон онҳое низ пайваст мешаванд, ки на аз сабаби иқтисодӣ, балки бо далели забон наёфтан бо мақомот ин роҳро ихтиёр менамоянд. Инҳо аз муҳоҷир дида бештар ба гуреза мемонанд. Миёни ин ду гурӯҳ дурии зиёд ба чашм мерасад.
«Ҷанг»-и моликият
Чашм ало кардан ба моликият ва дороиҳои бархе аз шаҳрвандон дар кишвари мо солҳост, ки сари забонҳост. Дар ин робита баҳсҳои додгоҳии зиёд баргузор мегарданд. Вале тааҷҷубовар ин аст, ки дар баҳсҳои додгоҳӣ ҳеч гоҳ наздикони мансабдорон шикаст намехӯранд. Онҳо дар ин баҳсҳо ҳамеша баранда ҳастанд. Қазияи ба сари Зайд Саидов омадаро пеши назар оред. То соле қабл ҳамаи корхонаҳояш қонунӣ буд, яку якбора ҳамаи дороиҳояш «ғайриқонунӣ» шуд. Ё бозори Кабирӣ то порсол қонунӣ буд, имсол ғайриқонунӣ шуд. Чунин менамояд, ки қонун ҳам дар хидмати як гурӯҳ аст. Аҷибтар аз ҳама, онҳое, ки барои хусусӣ намудани ин корхонаҳои «ғайриқонунӣ» мусоидат намудаанд, ҷавобгар намешаванд. «Мусичаи бегуноҳанд».
«Ҷанг»-и ақидаҳо
Ҳанӯз пас аз чанд моҳи ба охир расидани фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ҷониби ҳукумат намояндагони мухолифинро оҳиста-оҳиста аз мансабҳои 30-дарсадӣ берун карданро оғоз намуд. Дертар бархеро ба кунҷи зиндон афканд. Мухолифат бо мухолифон дар ду соли охир бештар шуд. Дар як соли охир ба нуқтаи авҷ расид. Тарафи ҳукумат аз тамоми имкониятҳо ва васоити давлат истифода намуда, барои сиёҳ кардани чеҳраҳои мухолифон иқдом намуд. Қариб ҳафтае нест, ки дар расонаҳои давлатӣ аз намояндагони мухолифон «қаҳрамон» насозанд. Аз чеҳраҳои маъруфтарини мухолиф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Раҳматилло Зоиров, Муҳиддин Кабирӣ ва ғайра душман метарошанд. Муқовимат танҳо бо ҷанги лафзӣ ба охир нарасид. Ҷанги «танбатан»-е, ки ба қарибӣ дар Бадахшон бо ҷонишини раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ воқеъ шуд, фикр намекунам, тасодуф бошад. Пас аз чанд рӯзи ин ҳодиса дар шаҳри Кӯлоб ба Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ бо тухму помидор ҳамла намуданд. Аз ҳодисаи ахир, ки қароргоҳи ҲНИТ дар маркази вилояти Суғдро вайрон намуданд, ҳамагӣ чанд рӯз гузашт. Ин гӯиё «тӯҳфаи» ҷониби дигар ба ҷашни Ваҳдат буд.
«Ҷанг»-и маҳал
Бояд зикр намуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳарчанд дар оғоз ҷангӣ ғоявӣ буд, оҳиста-оҳиста ба ҷанги маҳаллӣ мубаддал шуд. Замоне ки созишномаи сулҳ ба имзо расид, ҳама умед доштанд, дигар ҷанги маҳал ва ҷанги ақида аз миён бурда мешавад. Аммо на ин тамом шуду на он ба охир расид. Имрӯз намояндагони як маҳал на танҳо аксари курсиҳои муҳими давлатиро ишғол намудаанд, балки дар сохторҳои «сердаромад» аксари кормандонро ташкил мекунанд. Дар бисёре аз ноҳияҳо роҳбарии сохторҳои қудратиро ҳам намояндагони як маҳал ба уҳда доранд. Бо ин вуҷуд, наметавон гуфт, ки минтақаи баромади роҳбарон аз дидгоҳи сатҳи иҷтимоӣ пешрафтатар аз дигар минтақаҳост. Ин ҳам як тазоди Тоҷикистон.
«Ҷанг»-и тиҷорат
Дар хусуси кашида гирифтани тиҷоратҳои бархе дар кӯчаву бозор ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр гуфта мешавад. Шароити тиҷорат барои як гурӯҳ хеле осону ҳамвор буданаш ба касе пӯшида нест. Як зумра тоҷирон, яъне «баргузидагон», аз хеле имтиёзҳо бархӯрдоранд. Боҷи гумрукӣ намесупоранд ё андак месупоранд. Аз пардохти чандин намуди андоз озод карда шудаанд. Аз сӯи ниҳодҳои дахлдор тафтиш карда намешаванд. Барои мисол, ширкати IRS қариб аз ҳамаи андозҳо озод аст. Дар ҳоле ки маълум нест, чӣ манфиате ба кишвар меорад? Аз сӯи дигар, тоҷирони бепуштупаноҳ аз дасти тафтишгарон ва ҷаримаҳои калон муфлис мешаванд. Аксаран ба ин боваранд, ки дар Тоҷикистон бидуни пушту паноҳ наметавон тиҷорат кард.
Анҷом
Тавре зикр гардид, мухолифат дар ҳама ҷабҳаҳо дида мешавад. Бархе ба рӯи усулҳои ваҳдат пой мегузоранд, вале шигифтовар аст, ки тарафи ҳукумат дӯст медорад, аз ваҳдат, аз сулҳ, аз оромиву субот сухан гӯяд. Инчунин, дӯст медорад, ҷашн бошаду айшу нишот. Пас аз ду рӯз ҷашни Ваҳдат дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Барои як гуруҳ, ҷониби дигари сулҳ, фикр намекунам, ки дар ин базм ҷой диҳанд. Касе низ намегӯяд, ки зиддияту мухолифат бо ваҳдат муқобиланд на муродиф. Дар ҳоле ки рӯирост бо дигарандешон мухолифат меҷӯем, ҳарфи ваҳдат чист? Баҳона барои ҷашн? Аз оқибаташ инҷо ҳарф намезанам. Боз ҳам сухани устод Қаноат ёдам меояд, ки имсол дар мусоҳибаи дигараш гуфта буд: «Метарсам, ки таркиш нашавад!»
Аммо таҷлили ҷашни Ваҳдат амалҳои Афандиро ба ёд меорад. Воқеият ин аст, ки миллат имрӯз дар ҳафт иқлим парешон аст. Худи ваҳдат нест. Идаш ҳаст.
Ва ниҳоят касе ҳаст, ки аз дастандаркорон, «соҳибҷашнҳо» бипурсад: Шумо аҳли базму тараб ба ҳоли миллат механдед? Шумо ба дигарон тамасхур мезанед?