Ироқ дар ҷанг алайҳи ДИИШ аз таҷрибаи амрикоиҳо кор мегирад
Ҳукумати Ироқ дар ҷанг алайҳи Созмони мавсуф ба террористии “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ) ва берунории ҷанговарони он аз қаламрави худ аз таҷрибаи мушовирони сиёсии Иёлоти Муттаҳиади Амрико истифода мекунад. Вазорати дифои ИМА ахиран аз сафарбар шудани нахустин гуруҳи мушовирони низомияш ба Ироқ хабар додааст.
Тавре Шабакаи телевизионии “ал-Арабия” гузориш медиҳад, Пентагон рӯзи 25 июн эълон кардааст, ки гуруҳи аввалини мушовирони низомии амрикоӣ вориди шаҳри Бағдод – пойтахти Ироқ шуда, барои адои маъмуриятҳои низомӣ бо ҳукумати ин кишвар ҳамоҳангӣ менамоянд. Ба иттилои манбаъ, як мақоми баландпояи низомии Амрико бидуни бурдани номаш шумораи коршиносонро 40 нафар хонда, гуфтааст, то чанд рӯзи дигар 50 сарбози амрикоӣ низ ба ин ҳайат мешаванд.
Инчунин Пентагон эълон кардааст, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ рӯзона 30 парвоз дар ҳарими ҳавоии Ироқ ба хотири муайянсозии ҳаракатҳои ҷангҷӯёни ДИИШ анҷом медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки Содиқ ал-Лубон, вакили парлумони Ироқ ахиран иддао карда буд, ки гӯиё онҳо ба хотири берун баровардани ҷангҷӯёни ДИИШ аз хоки кишварашон ниёзе ба низомиёни амрикоӣ надоранд.
Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ мебошад, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, аз раҳбари ин ҳаракат Абубакр ал-Бағдодӣ ном мебаранд. Ин ҳаракат муташаккил аз ду гуруҳ мебошад - Ҳаракати “Давлати исломӣ дар Ироқ” ва Ҷабҳат ан-насра ли аҳли Шом, ки дар пайи оғози нооромиҳои Сурия аз сӯи мухолифини ҳукумати Башшор Асад таъсис ёфтааст.
Ахитран ДИИШ эълон дошт, шаҳри дигареро дар шимоли Ироқ таҳти тасарруфи худ қарор додааст. То кунун ин ҳаракати ба ном “исломӣ” шаҳрҳои Мавсил ва Тикрити Ироқро таҳти тасарруфи худ қарор дода, ҷанговарони он қасди ғасби Бағдодро доранд.