Барқ аз 1-уми июл дар Тоҷикистон қимат мешавад
Нархи як киловат барқ дар Тоҷикистон сар аз 1-уми июл 15 дарсад боло хоҳад рафт.
Ин нуқтаро Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия имрӯз, 25-уми июн зимни баромад дар назди вакилони парлумон изҳор дошт.
Нураллиев, ки созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистону Бонки исломии рушд барои таҷдиди зеристгоҳи Равшан дар шаҳри Турсунзодаро муаррифӣ мекард, дар посух ба суоли вакил Суҳроб Шарипов оиди он, ки оё ин лоиҳа мушкилоти ширкати “Барқи тоҷик”-ро зиёд намекунад, посух дод: “Мо ҳамаи ин масъалаҳоро таҳлил кардем, мушкилот барои Барки тоҷик бор нахоҳанд омад, чун тавре Шумо медонед, сар аз 1-уми июл нархи барқ 15 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.”
Ин дар ҳолест, ки Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ ва захираҳои об дар Тоҷикистон, зимни нишасти хабарии 30 январи соли равон изҳор дошта буд, ки бо қарори ҳукумат кумисюни махсус ба омӯзиши ин масъала машғул аст ва ояндаи наздик нархи нави барқ дар Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.
Вазир болоравии нархи барқро барои беҳбуди вазъи молии умури энержӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, феълан нархи барқ дар Тоҷикистон арзонтарин дар минтақа аст. Ин дар ҳолест, ки тарифҳои феълии барқ дар Тоҷикистон моҳи апрели соли 2011 ҷорӣ шуданд, ки тибқи он нарх барои мардум 11 дирам сари ҳар киловат муайян шудааст.