Бозии ҳалкунандаи тими миллии Эрон дар Ҷоми ҷаҳон-2014
Шоми имрӯз, 25 июн тими миллии Эрон бозии охирини худро дар даври гуруҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол анҷом медиҳад.
Рақиби футболбозони эронӣ тими Босния ва Ҳерзеговина мебошад. Шонси Эрон барои ба даври баъдӣ роҳхат гирифтан чандон бузург нест. Баъди ду дидор эрониҳо ҳамагӣ як имтиёз доранд. Босния ва Ҳерзеговина бидуни имтиёз аст. Мунтахаби Нигерия, ки 4 хол дорад, имшаб бо Аргентина қувва меозмояд. Аргентина дар гуруҳи "F" бо шаш имтиёз пешсаф аст. Бозии Эрон- Босния ва Ҳерзеговина ва Аргентина-Нигерия соати 21:00, ба вақти Душанбе баргузор мешавад.
То имрӯз бозиҳо дар чор гуруҳ пурра анҷом ёфтаанд. Пешсафи гуруҳи "А" Бразилияву Мексика бо 7 имтиёзӣ дар ҷойҳои аввалу дуюманд.
Хорватия 3 хол дорад. Камерун бидуни имтиёз аст. Дар гуруҳи "B": Ҳоланд бо 9 имтиёз садрнишин аст. Чили 6, Испания 3, Австралия 0. Дар гуруҳи “С” Колумбия 9 хол, Юнон 4, Кот-д’Ивуар 3 ва Ҷопон 1 имтиёз гирифтаанд. Пешсафи гуруҳи "D" Костарика аст, ки 7 хол дорад. Уругвай 6, Италия 3 ва Англия 1 имтиёз гирифтааст.
Гуруҳҳои дигар ду дидорӣ анҷом додаанд.
Ҷадвали гуруҳҳо
Гуруҳи "А": Бразилия-Мексика-Хорватия-Камерун;
Гуруҳи "B": Испания-Чили-Ҳоланд-Австралия;
Гуруҳи "C": Колумбия-Кот-д’Ивуар-Юнон-Ҷопон;
Гуруҳи "D": Уругвай-Англия-Костарика-Италия;
Гуруҳи "E": Швейтсария-Фаронса-Эквадор-Гондурас;
Гуруҳи "F": Аргентина-Эрон-Босния-Нигерия;
Гуруҳи "G": Олмон-Гана-Португалия-ИМА;
Гуруҳи "Н": Белгия-Русия-Алҷазоир-Кореяи Ҷанубӣ.
Тақвими бозиҳо
13 июн, ҷумъа
01:00, Бразилия — Хорватия 3:1
21:00, Мексика — Камерун 1:0
00:00, Испания — Ҳолланд 1:5
14 июн, шанбе
03:00, Чили — Австралия 3:1
21:00, Колумбия — Юнон 3:0
00:00, Уругвай — Коста-Рика 1:3
15 июн, якшанбе
03:00, Инглистон — Италия 1:2
06:00, Кот-д'Ивуар — Ҷопон 2:1
21:00, Швейтсария — Эквадор 2:1
00:00, Фаронса — Гондурас 3:0
16 июн, душанбе
03:00, Аргентина — Босния ва Ҳерзеговина 2:1
21:00, Олмон — Португалия 4:0
00:00, Эрон — Нигерия 0:0
17 июн, сешанбе
03:00, Гана — ИМА 1:2
21:00, Белгия — Алҷазоир 2:1
00:00, Бразил — Мексика 0:0
18 июн, чоршанбе
03:00, Русия —Кореяи Ҷанубӣ 1:1
21:00, Австралия — Ҳолланд 2:3
00:00, Испания — Чили 0:2
19 июн, панҷшанбе
03:00, Камерун — Хорватия 0:4
21:00, Колумбия — Кот-д'Ивуар 2:1
00:00, Уругвай — Инглистон 2:1
20 июн, ҷумъа
03:00, Ҷопон — Юнон 0:0
21:00, Италия — Коста-Рика 0:1
00:00, Швейтсария — Фаронса 2:5
21 июн, шанбе
03:00, Гондурас — Эквадор 1:2
21:00, Аргентина — Эрон 1:0
00:00, Олмон — Гана 2:2
22 июн, якшанбе
03:00, Нигерия — Босния ва Герзеговина 1:0
21:00, Белгия — Русия 0:1
00:00, Кореяи Ҷанубӣ — Алҷазоир 2:4
23 июн, душанбе
03:00, ИМА — Португалия 2:2
21:00, Испания — Австралия 3:0
21:00, Ҳолланд — Чили 2:0
24 июн, сешанбе
01:00, Камерун — Бразилия 1:4
01:00, Хорватия — Мексика 1:3
21:00, Италия — Уругвай 0:1
21:00, Коста-Рика — Инглистон 0:0
25 июн, чоршанбе
01:00, Юнон — Кот-д'Ивуар 2:1
01:00, Ҷопон — Колумбия 1:4
21:00, Нигерия — Аргентина
21:00, Босния ва Ҳерзеговина — Эрон
26 июн, панҷшанбе
01:00, Эквадор — Фаронса
01:00, Гондурас — Швейтсария
21:00, ИМА — Олмон
21:00, Португалия — Гана
27 июн, ҷумъа
01:00, Кореяи Ҷанубӣ — Белгия
01:00, Алҷазоир — Русия
1/8 финал
Ғолибони гурӯҳҳо бо дастаҳои дувуми гурӯҳҳои дигар бозӣ мекунанд:
28 июн, шанбе
21:00, 1A — 2B (49)
29 июн, якшанбе
01:00, 1C — 2D (50)
21:00, 1B — 2A (51)
30 июн, душанбе
01:00, 1D — 2C (52)
21:00, 1E — 2F (53)
1 июл, сешанбе
01:00, 1G — 2H (54)
21:00, 1F — 2E (55)
2 июл, чоршанбе
01:00, 1H — 2G (56)
Давраи 1/4-ниҳоӣ
4 июл, ҷумъа
21:00, Барандаи бозӣ(Б)-и 53 — Б54 (58)
5 июл, шанбе
01:00, Б49 — Б50 (57)
21:00, Б55 — Б56 (60)
6 июл, душанбе
01:00, Б51 — W52 (59)
Давраи ниманиҳоӣ
9 июл, чоршанбе
01:00, Б57 — Б58 (61)
10 июл, ҷумъа
01:00, Б59 — Б60 (62)
Бозӣ барои ҷои севум
13 июл, душанбе
01:00, Бозандаи бозиҳои 61 ва 62
Даври ниҳоӣ
13 июл, якшанбе
00:00, Б61 — Б62
Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.