Манъи берунравии Шерзамонов аз Бадахшон ва забонхаташ ба мақомот
Алим Шерзамонов, раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон бегоҳи 24-уми июн дар бинои додситонии вилоят мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.
Дар ин бора бахши русии “Озодагон” аз қавли манобеяш дар Хоруғ хабар дода, афзудааст, ки бозпурсии Шерзамонов то соати 20:00-и шоми 24-уми июн идома доштааст: “Зимни бозпурсӣ дар назди бинои додситонӣ ҷонибдорон ва наздикони Шерзамонов ҷамъ омадаанд.”
Ба иттилои манбаъ Шерзамонов баъди имзои санад оиди манъи берун рафтан аз қаламрави Бадахшон раҳо шудааст. Худи Алим Шерзамонов аз ифшои ҷузъиёти бозпурсӣ худдорӣ карда, изҳор дошт, мақомот аз ӯ забонхат гирифтаанд, ки тафсилоти бозпурсиро оммавӣ накунад.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл Алим Шерзамонов, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Бадахшон ва узви кумисюни муштарак барои таҳқиқи ҳодисаи тирпаронии 21 май дар Хоруғ, ба “Озодагон” гуфт, ба ӯ фишор овардаанд, то кишварро тарк намояд, агар не, бар муқобили ӯ парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Ба қавли ӯ, ин фишорҳо гӯиё баъд аз боздошти Александр Содиқов, пажӯҳишгари Донишгоҳи Торонто, ки мақомот дар ҷосусӣ муттаҳамаш мекунанд, афзоиш ёфтааст.
“Ба ман гуфтанд, агар аз инҷо наравам, обрӯямро мерезонанд. Ҳеч зиддияте надорам. Дар кадом асос нисбат ба ман парвандаи ҷиноӣ ҳаст, намедонам”,-гуфт Алим Шерзамонов дар тамоси телефонӣ.
Мусоҳиби мо илова кард, баъзе “намоядагон”-и мақомот аз ӯ хостаанд, ба Маскав биравад ва дар он ҷо барояш тамоми шароитро муҳайё хоҳанд сохт. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Шерзамонов, “ҳеч намефаҳмам, ки чӣ халал мерасонда бошам. Ман як инсони муътадилам”. Вале мақомоти кишвар расман ироаи чунин як пешниҳод ба Шерзамоновро тасдиқ накарданд.
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон Александр Содиқовро рӯзи 16 июн, ҳангоми суҳбаташ бо Алим Шерзамонов боздошт карданд. Алим дар оғоз гуфта буд, мақомот мехостанд, ӯро ҳам бигиранд, вале дар пайи пофишории тарафдоронаш раҳо намудаанд.