4 500 олим аз Ятимов раҳоии Содиқовро талаб доранд
Роҳбарони иттиҳодияҳои илмии маъруфи ҷаҳон оид ба омӯзиши АвруОсиё, Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо ҷамъоварии беш аз 4500 имзо ба тарафдории Александр Содиқов, аз Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ раҳоии ҳар чӣ зудтари ӯро хостаанд.
Александр Содиқов, ки аз ҷониби мақомоти тоҷик ба “ҷосусӣ” муттаҳам мешавад, дар муроҷиатномаи олимон ҳамчун пажуҳишгар арзёбӣ шудааст. Мудирони иттиҳодияҳои илмӣ изҳор доштаанд, ки Содиқов дар доираи як лоиҳае фаъолият доштааст, ки ба омӯзиши сулҳи тоҷикон ва ҳалли низоъ баъди соли 1997 дар Тоҷикистон равона шудааст.
Иттиҳодияҳои илмӣ таъкид намудаанд, ки боздошти Содиқов ба обрӯи байналмилалии Тоҷикистон зарба мезанад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Александр Содиқов, унвонҷӯи донишгоҳи Торонтои Канада аз Хоруғ ба СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар Душанбе оварда шудааст. Маркази равобит бо ҷомеаи КДАМ бо пахши як иттилоия гуфтааст, Содиқов дар асоси қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт шудааст. Дар иттилоия ҳамчунин гуфта мешавад, ҳанӯз замони боздошт Александр Содиқов бо адвокат таъмин гардида, пайвандони ӯ аз дастгир шуданаш огоҳ карда шудаанд.
Содиқов баъд аз зуҳри 16 июн бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст.
Дар пайи боздошти Содиқов намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Amnesty International (созмони Авфи Байналмилал) изҳоротҳо пахш намудаву аз мақомоти қудратии тоҷик талаби эълони ҳарчӣ зудтари макони будубоши ӯро карданд.