Дипломатҳои тоҷик барои дафтари корӣ дар Малайзия иҷорапулӣ намесупоранд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 24-уми июн, зимни боздидаш аз шаҳри Путраҷая, ки пойтахти нави Малайзия ба шумор меравад, созиш кардааст, ки дар ин шаҳр бинои сафорати Тоҷикистон бунёд гардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷониби Малайзия изҳор дошт, ки то бунёд ёфтани бинои алоҳида онҳо ба сафорати мо қароргоҳи муваққатии иҷоравӣ пешкаш мекунанд ва се соли аввал иҷорапулӣ намегиранд: “Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки аз ҳамин рӯз эътиборан сафорати Тоҷикистон дар Малайзия кори худро шуруъ намояд.”
Ба иттилои манбаъ раисиҷумҳури Тоҷикистон аз замин барои бунёди сафорат низ дидан намудааст, ки масоҳати он беш аз 1 гектар буда, дар беҳтарин мавзеи маркази шаҳри Путраҷая қарор доштааст. Сари замин Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Тоҷикистон дастур додааст, ки сохтмони бино бетаъхир оғоз ёбад.
Бунёди шаҳри Путраҷая соли 1996 оғоз ёфта, сабаби асосии ба миён овардани пойтахти нав суръати баланди афзоиш ва зичии аҳолӣ дар шаҳри Куала-Лумпур будааст. Путраҷая, асосан маркази маъмурии Малайзия буда, то имрӯз аллакай аксари кулли вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои марказии давлатӣ, аз ҷумла қароргоҳи кории сарвазири кишвар, аз шаҳри Куала-Лумпур ба ин ҷо кӯчонда шудааст. Ба хотири ба ҳолати Куала-Лумпур гирифтор нашудани Путраҷая дар ин шаҳр биноҳои истиқоматии аҳолӣ, қариб вуҷуд надоранд.