Фоҷиа: Ҳалокати баскетболбозони наврас ва мураббияшон дар Варзоб
Мошини ҳомили тими мунтахаби наврасони Истаравшан оид ба баскетбол дар роҳ ба Душанбе ба дарёи Варзоб сарозер шудаанд, ки дар натиҷа мураббии 44-сола ва 4 шогирди ноболиғаш ба ҳалокат расидаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Исоев Эҳромхон, ки мураббии дастаи наврасон будааст, сари чанбараки мошини "Опел астра" дар роҳ ба Душанбе дар километри 47-ум ба дарё сарозер шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллоддаи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки садама шоми 23-юми июн дар километри 36-ум рух дод ва ҳамагӣ як нафар ҷон ба саломат бурдааст: “Исоев Ҳусейнҷони 16-сола, писари мураббии фавтида дар беморхона бистарӣ гардидааст. Вале худи мураббӣ, ки сари чанбарак будааст ва 4 мусофири дигар, ба ҳалокат расидаанд.”
Манбаъ дар қатори фавтидагон баробари ронандаи 44-сола инчунин писаронаш - Исоев Саидумархону Саидусмонхонро ном бурд, ки якумӣ 15-сола ва дуюмӣ 14-сола будааст: “Инчунин дар садама Ҳамдамов Исмоил соли таваллудаш 1998 ва Беҳруз Ҳомидов соли таваллудаш 1998 ба ҳалокат расидаанд.”
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда афзуд, ки феълан ҷасади ронанда ва як шогирдаш пайдо шуда, кофтукоби ҷасадҳои дигар идома дорад.
Ин фоҷиа дар ҳоле сурат гирифтааст, ки 11 нафар варзишгар дар ду нақлиёти тамғаҳои «Opel-Astra» ва «Opel-Zafira» аз номи вилояти Суғд барои ширкат дар Мусобиқаи ҷумҳуриявии наврасони солҳои таваллудашон 1999-2002 оид ба баскетбол ба Душанбе раҳсипор будаанд ва яке аз ин мошинҳо ба дарёи Варзоб сарозер гаштааст.