Миллатгарои русро, ки куштори шаҳрванди Узбакистонро дар интернет гузошт, 24 сол ҳабс карданд
Додгоҳи шаҳрии Санкт-Петербург ҳукми миллатгароҳои русро, ки дар куштори шаҳрванди Узбакистон муттаҳам мешаванд, эълон кардааст.
Дар курсии айбдорӣ нуҳ тан аз нажодпарастони гуруҳи NS/WP “Невоград” нишастанд, ки дар ҷиноятҳои сингине ба монанди куштор муттаҳам мешаванд. Нахустин ҷиноятро аъзои гуруҳ 6 апрели соли 2009 содир карда ва он рӯзро "рӯзи таваллуди гуруҳ" номидаанд. Дмитрий Абалишин ва Арсений Мирошниченко дар ноҳияи Невск як шаҳрванди Узбакистонро ваҳшиёна ба қатл расондаанд. Ин куштор дар дурбин сабт ва баъдан дар интернет гузошта шуд.
Раҳбари гуруҳ Георгий Тимофеев соли 2012 барои 13 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Додгоҳ аъзои дигари гуруҳро, ки ҳамчунин дар чандин ҷиноят айбдор мешаванд, ба муҳлатҳои мухталиф аз озодӣ маҳрум кардааст. Пешвои дигари гуруҳ Венгервелд 24, Владимир Мумжиев 16, Валентин Мумжиев ва Завялов 14, Мирошниченко 9, Корябкин ва Абалишин 7, Присяжнюк 3 сол ҳукм гирифтаанд.