Сафари Ҷон Керрӣ, “Давлатии исломии Ироқу Шом” ва суҳбат бо Боризонӣ
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, баъд аз мулоқот бо Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ рӯзи 24 июн озими Арбил шуд.
Расонаҳои хабарӣ ҳадафи боздиди Керрӣ аз Арбилро мулоқот бо Масъуд Боризонӣ, раҳбари минтақаи Курдистони Ироқ арзёбӣ менамоянд. Ба иттилои хабаргузории амрикоии “Reuters”, Ҷон Керрӣ дар ин мулоқоташ бо Боризонӣ раҳбарони курдҳоро барои ширкат дар ҳукумати нави Ироқ ташвиқ хоҳад кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Масъуд Боризонӣ қаблан гуфта буд, мехоҳад, масъалаи истиқлолияти Курдистонро дар суҳбат бо вазири умури хориҷии Амрико ба баҳс кашад. Ӯ изҳор дошт, “мехоҳам ин масъаларо ба Керрӣ матраҳ созам, ки то кай мардуми курд дар ин вазъият боқӣ монанд, дар ҳоле ки онҳо ҳаққи таъини сарнавишти худро доранд.”
Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 23 июни соли ҷорӣ дар доираи як сафараш вориди шаҳри Бағдод –пойтахти Ироқ шуда, бо Нурӣ ал-Моликӣ мулоқот ва гуфтугӯ намуд. Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, Керӣ дар ин вохӯриаш бо ал-Моликӣ хостааст, аз ҳисоби қавму миллиятҳои кишвараш ҳукумати сарҷамъи наве ташкил диҳад. Вазири умури хориҷии Амрико баъд аз мулоқот бо ал-Моликӣ, ки беш аз ду сота давом кард, натиҷаи онро хуб арзёбӣ кардааст. Ин сафари Керрӣ ба Ироқ дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳудуди се ҳафта мешавад, дар Ироқ нооромиҳо дубора ба миён омада, манотиқи васеъи шимолу ғарби ин кишвар, аз ҷумла манотиқи марзӣ бо Сурия аз сӯи ҷангҷӯёни созмони “Давлати исломии Ироқ ва Шом” ишғол шудаанд.
Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ мебошад, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, аз раҳбари ин ҳаракат Абубакр ал-Бағдодӣ ном мебаранд. Ин ҳаракат муташаккил аз ду гуруҳ мебошад - Ҳаракати “Давлати исломӣ дар Ироқ” ва Ҷабҳат ан-насра ли аҳли Шом, ки дар пайи оғози нооромиҳои Сурия аз сӯи мухолифини ҳукумати Башшор Асад таъсис ёфтааст.