Ҷалолиддини Маҳмуд: “Ҳар чизе ҳаст, дуруст тақсим карда битавонем” (ВИДЕО)
Ҷалолиддини Маҳмуд, мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз он ки сулҳ баъзан маҳсули талошҳои як ҷониб ва он ҳам ҳукумат дониста мешавад, гила кард. Оқои Маҳмуд рӯзи 24 июн, ҳангоми суханронияш дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қароргоҳи ҲНИТ, гуфт, “мо то ҳол ба мардум фаҳмонда натавонистем, ки ифтихор аз сулҳ моли кӣ бояд бошад?”
Ӯ афзуд, “мехоҳем, яктарафа ин ифтихорро ба даст орем. Тангназарӣ мекунем. То ба сулҳ расидан ҳайатҳои зиёде кор карда буданд. Ҳайати музокиракунандагон, ҳайати кумисюни оташбас, кумисюни оштии миллӣ. Кӯшиш кунем, ки аз ҳамаи онҳо қадрдонӣ кунем, ёдоварӣ кунем”. Мушовирни раиси ҲНИТ дар идомаи суханронияш илова кард, “сулҳ наметавонад як калимаи хушку холӣ бошад. Вақте сулҳ шудааст, ду тараф дорад. Агар як тараф бошад, он сулҳи маҷбурист. Тарафи дигар ҳам сулҳ кардааст, ифтихор дорад. Ҳар чизе ҳаст, дуруст тақсим карда битавонем”.
Ин масъули Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, вақте созишномаи сулҳи тоҷикон имзо шуд, он сулҳи бебозгашт номида шуд. “Барои ҳамин, кӯшиш кунем, то сулҳи мо бозгашт надошта бошад. Оят аст дар Қуръон, ки мегӯяд, сулҳ беҳтарин чиз аст. Аз сулҳ хайр ба даст меояду шар не.”