Таваҷҷуҳи клуби “Волга”-и Русия ба футболбози 22-солаи тоҷик
Искандар Ҷалилов, ҳимоятгари тими миллии футболи Тоҷикистон шояд карераашро дар клуби “Волга”-и Новгороди Поёни Русия идома бидиҳад. Дар ин бора торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ додааст.
“Футболбози тоҷик дар ҳайати клуби “Волга” дар ду бозии санҷишӣ иштирок намуд”,-меафзояд манбаъ.
Искандар Ҷалилови 22-сола мавсими ҷориро дар ҳайати “Хуҷанд”-и Хуҷанд оғоз намуда, дар шаш дидори сабқати лигаи олӣ бозӣ кард.