Амрико аз “Манас” ба Узбакистон “кӯч“ мебандад?
Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон ва Лаурел Миллер, муовини намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба минтақаро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВУД-и Узбакистон хабар медиҳад.
Корошиносон бар инанд, ки ИМА байрақи худро дар “Манас”-и Қирғизистон поин карда, барои худ дар Осиёи Миёна ҷои нав меҷӯяд. "Независимая газета" навиштааст, Амрико дар ин масъала ба Узбакистон таваҷҷуҳи хосае дорад. “Намояндаҳои Департаменти давлатӣ ва дигар мақомоти амрикоӣ ахиран зуд зуд меҳмони Тошканд ва дигар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мешаванд”,-навиштааст манбаъ.
Барак Обама, президенти ИМА дар яке аз суханрониҳояш изҳор дошт, ки як қисми неруҳои ҳарбияш дасти кам то соли 2016 дар Афғонистон боқӣ мемонанд. Ин маънои онро дорад, ки ба ҷуз аз роҳи Ҷануб, тариқи Покистон, Пентагон ба истифодаи роҳи Шимолӣ ниёз дорад. Баъд аз он ки Амрико аз фурудгоҳи низомии “Манас” меравад, бояд ҷойи дигаре пайдо кунад. Амрикоиҳо ба фурудгоҳи “Хонобод” дар Узбакистон таваҷҷуҳ доранд. “Узбакистон тасодуфан интихоб нашудааст. Соли 2013 кишвар аз ҳайати СПАД берун шуд. Моҳи майи соли равон бошад, дар Тошканд намояндагии НАТО ифтитоҳ шуд”,-менависад сарчашма.