Хатлон: Духтараки 2-сола дар гаҳвора аз симоб заҳролуд шудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як кӯдаки дусола дар вилояти Хатлон бар асари заҳролудшавӣ аз симоб ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ рӯзи 19-уми июн дар ноҳияи Бохтар духтараки дусола дар гаҳворааш вақти бозӣ бо асбоби ҳароратсанҷи бадан заҳролуд гардидааст: “Аз беназоратии волидайн кӯдак ҳароратсанҷро ба даҳонаш гузошта, шикастааст.”
Манбаъ мегӯяд дар натиқа кӯдак аз симоби ҳароратсанҷ заҳролуд шуда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.