Ду дар як. Вазифаи "иловагӣ"-и Музаффар Ҳусейнов, сафири Тоҷикистон дар Тошканд
Музаффар Ҳусейнов, сафири Тоҷикистон дар Узбакистон, бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон сафири кишвар дар Малайзия таъин шудааст.
Оқои Ҳусейнов аз соли 2010 ба ин сӯ ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Узбакистон кор мекунад ва дар ин мақом Бобохон Маҳмадовро иваз карда буд. Ӯ замоне ба ин мақом пешбарӣ шуд, ки мақомоти Тошканд номзадии Шӯҳрат Султонов, сафири пешини Тоҷикистон дар Туркияро қабул накарданд.
Таъин шудани Ҳусейнов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шоми 22 июн бо як сафари расмӣ вориди Куала-Лумпур, маркази Малайзия, шуд. Ба қавли ин манбаъ, дидору суҳбати раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи Малайзия субҳи 23 июн оғоз ёфтааст.