Посухи Раҳимзода ба олмониҳо: Ягон узви ҳукумат мошини дуздида надорад
Гуруҳи хабарнигорони олмонӣ дар охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, масъалаи мошинҳои дуздидашуда аз Олмонро, ки гӯиё феълан дар ихтиёри атрофиёни раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, баррасӣ намудаанд.
Масъулони вазорат мегӯянд, Рамазон Раҳимзода аз матлаби нашрияи олмонии “Bild” дар бораи он ки гӯиё 200 мошинаи тамғаи “БМВ” аз ҳудуди Олмон дуздида шуда, ба Тоҷикистон оварда шудааст, изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ афзудааст, “мошинаҳое, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз давлатҳои Олмон ва Соҳили Балтик тавассути роҳи оҳан ё бо гашти худ оварда мешаванд, ки дар чунин ҳолат масофаи беш аз 6-7 ҳазор километрро тай намуда, аз ҳудуди кишварҳои Созишномаи Шенген, аз ҷумла, Олмон, Полша, Литва, Латвия ва давлатҳои аъзои ИДМ -- Русия, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон мегузаранд.”
Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкид намудааст, ба вуруди мошинҳо ба кишвар шахсони алоҳида машғуланд ва ҳангоми бақайдгирӣ пурра аз санҷиш гузаронда мешаванд: “Аз ҷумла, дар Котиботи генералии Интерпол базаи ҳисоботӣ вобаста бо воситаҳои нақлиёти рабудашуда аст, ки тибқи он низ санҷида мешаванд. Ҳар як автомашинаи ба қайд гузошташуда, тавассути системаи ASF ва I-BATCH, ки бо Котиботи генералии Интерпол пайваст гардидааст, тафтиш карда мешавад.”
Раҳимзода илова кардааст, соли 2014 аз ҷониби Вазорати умури дохилӣ ба Бюрои Миллии Марказии Интерполи Висбадени Олмон дар бораи 21 автомашинаи рабудашуда мактуб равон карда шудааст, вале, то имрӯз ягон ҷавоб нагирифтаанд: “Аз соли 2011 то имрӯз 123 далели автомашинаҳои дуздидашуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки 78-тои он аз ҳудуди Олмон мебошад. Бо ташаббуси Вазорати умури дохилӣ минбаъд амалӣ намудани бақайдгирии автомашинаҳои зикргардида, манъ карда шудааст.” Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкидан изҳор доштааст, ки аз 78 мошинаи дуздидашудае, ки аз Олмон оварда шудааст, ягонтоаш ба наздикони аъзои ҳукумат тааллуқ надорад ва хабари рӯзномаи олмонии «Билд» беасос мебошад. Раҳимзода, инчунин, аз он изҳори тааҷҷуб кардааст, ки “автомашинаҳои рабудашуда, тавассути системаи GPS, баъди ду-се моҳи дуздида шуданашон муайян карда мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ ҳангоми гузаштани сарҳадҳои як қатор давлатҳо мақомоти дахлдор аз ҷумла (политсия, гумрук ва ғайра) пеши роҳи мошинрабоёнро намегиранд.”
Вазир аз ҳаққи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ноогоҳона мошинҳои рабудашударо мехаранд, дифоъ намудааст: “Судҳои Тоҷикистон, шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки айни замон соҳиби воситаҳои нақлиёти мазкур буда, онҳоро аз дасти сеюму чорум соҳиб шудаанд, ҳамчун харидори бовиҷдон, эътироф кардааст.” Раҳимзода далел овардааст, ки “мувофиқи банди 8-и моддаи 12-и Конвенсияи СММ аз соли 2000-ум «Муқобили ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ» таъкид гардидааст, ки ҳолати моддаи мазкур ба маънои зарар расонидан ба ҳуқуқҳои харидори тарафи сеюмро надорад.”