Видеои Ислом Каримови хурдӣ: "Модару бобоямро ҷанг меандозанд"
Ислом Каримов -- писари Гулнора Каримова, духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистон мегӯяд, модари ӯ ҳанӯз ҳам ҳамроҳ бо хоҳараш дар ҳабси хонагӣ қарор доранд.
Шабакаи телевизионии русии “Рен-ТВ” ахиран барномаеро бо ҳузури набераи Ислом Каримов намоиш дод, ки дар он Ислом Каримови 2 аз вазъи ахири модараш шадидан ибрози нигаронӣ дорад. Ӯ бар ин аст, ки гуруҳе аз сард будани равобити хонум Каримова бо падараш манфиатдор буда, барои тезу тунд шудани муносибатҳои онҳо хеле талош дорад.
Набераи раиси ҷумҳури Узбакистон мегӯяд, бори охир модарашро охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд дида, худи ӯ низ бо модараш робитаи маҳдуд дорад. Ислом Каримови 2, ки гӯиё худ барои бозтоби вазъи ахири модараш ба “Рен-ТВ” муроҷиат кардааст, эълон шудани кадом як иттиҳом расман алайҳи Каримоваро рад мекунад. “Модарам ҳамроҳ бо хоҳарам ҳоло дар ҳабси хонагӣ ба таври ғайрирасмӣ қарор доранду онҳоро берун рафтан намегузоранд. Ҳатто хоҳарам аз идомаи таҳсил маҳрум шудааст, чун барои беруноияш аз Ватан иҷоза нест”,- илова кардааст Каримови ду.
Агар чанд соли қабл духтари калонии Ислом Каримовро вориси аслии курсии падар медонистанд, аммо чанд вақти ахир дар мавриди сардӣ миёни ӯ ва падараш сару садоҳои зиёде ҳаст. Ҳатто гуфта шуд, Ислом Каримов Гулнораро задааст. Ҳоло чаҳор шабакаи телевизионии марбут ба ӯ аз фаъолият боз монда, бархе аз ширкатҳои вобаста ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон мавриди бозҷӯии мақомоти қудратии узбак қарор гирифта, ҳатто баъзе аз онҳоро аз таҳти идораи хонум каримова берун карда буданд. Каримова ин овозаҳоро таъйид ва ин иқдомро ташаббуси Кумитаи амнияти Узбакистон номида буд. Ӯ бо нашри як навори видеоӣ дар саҳифаи Твиттераш кормандони Хадамоти амнияти миллии Узбакистонро бо он муттаҳам карда буд, ки аъзои оилаашонро иҷозаи мулоқот бо падар намедиҳанд.