Уфти якбораи қурби доллар дар Тоҷикистон
Арзиши як доллари ИМА, ки моҳи май аз ҳадди 5,13 сомонӣ гузашта буд, нимаи дуюми моҳи июн ба 5,00 сомонӣ поён рафтааст.
Бонки миллии Тоҷикистон низ тасдиқ мекунад, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллар тадриҷан паст шуда истодааст. Ин ниҳод мегӯяд, охири ҳафтаи гузашта қурби миёнаи доллар дар шаҳри Душанбе ба 5,0000-5,0350 сомонӣ, шаҳри Хуҷанд ба 5,0400-5,0500 сомонӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа ба 5,0600-5,0700 сомонӣ баробар гардид. Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 4,88 сомониро ташкил медод.
Феълан ба иттилои Бонки Миллӣ қурби миёнаи рубли русӣ ва евро низ андаке паст шуда, аввалӣ 0,1450-0,1458 сомонӣ ва дуюмӣ 6,8540-6,8790 сомонӣ арзиш дорад.