1300 калима -- талабот барои дарёфти шаҳрвандии Русия?
Вазорати маориф ва илми Русия сатҳи донистани забони русӣ ҳамчун забони хориҷиро муайян кардааст. Барои муҳоҷирон донистани 850 калима бо русӣ кофист, то ҳаққи кор дар Русияро дарёфт кунанд. Барои дарёфти шаҳрвандӣ бошад, 1300 калима лозим аст. Дар ин бора РИА Новости хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, вазорат ҳафт сатҳи забондониро муайян кардааст: ибтидоӣ, заминавӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, заминавӣ, 1-4.
Талабот барои забондонии заминавии забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ин буда, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд матнҳои кӯтоҳ ва содаро аз сарчашмаҳои мухталиф, назири номи маҷалла, рӯзнома, навиштаҷот ва эълон хонда тавонад. Ба ҷуз ин, ӯ бояд мазмуни ҳарфҳои ҳамсуҳбаташро фаҳмад.
Яке аз шартҳо барои дарёфти шаҳрвандии Русия донистани забони русӣ дар сатҳи муколамаи катбӣ ва шифоҳӣ дар дохили кишвар аст. Ин дониш бояд бо сертификат дар мавриди гузаштани санҷиши давлатӣ тасдиқ шуда бошад, менависад манбаъ.