“Ҷабҳату ан Нусра” дар Туркия дигар созмони террористӣ нест
Туркия гуруҳи мусаллаҳи “Ҷабҳату ан Нусра”-и Сурияро аз феҳрасти созмонҳои террористӣ берун кардаст. Дар ин бора рӯзномаи “Ҷумҳурият”-и Туркия хабар додааст.
Ин тасмим дар ҷаласаи кабинаи вазирони Туркия гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки Анқара гуруҳи “Ҷабҳату ан Нусра”-ро, ки ба муқобили ҳукумати сурия меҷангад, расо 15 рӯз қабл ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил карда буд.