Тиллои Тоҷикистон: 60% дар дохил мемонад, 40% содирот мешавад
Тибқи иттилои масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, аз ҳаҷми умумии тиллое, ки ҳамасола дар кишвар истеҳсол мегардад, ҳудуди 60% - аш дар дохил монда, 40% - аш ба хориҷа содир мегардад.
Ба гуфтаи манбаъ аз вазорат, ҳамасола моҳи октябр ба ҳукумат барои муайян намудани эҳтиёҷоти Бонки миллӣ ва Вазорати молия ба тилло мактуб равон мешавад. Танҳо баъди қонеъ намудани талаботи ин ниҳодҳо, иҷозат дода мешавад, ки тиллои Тоҷикистон ба хориҷа содир гардад.
Инчунин ҳамасола, аз тиллои истеҳсолшудаи Тоҷикистон як миқдори муайянаш барои корхонаҳои заргарӣ пешбинӣ шудааст. Ба иттилои сарчашмаи хабар, соли ҷорӣ барои заргарони кишвар 30 киллограм тиллои истеҳсоли ватанӣ ҷудо гардидааст.
Имсол масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон нақша доранд, ки ҳаҷми истеҳсоли тиллоро дар кишвар ба 3 ҳазор киллограмм расонанд. Соли гузашта дар кишвар 2 ҳазору 48 киллограм тилло истеҳсол шудааст.