АКС: Президент хост, ба қудратиҳо одоби суханварӣ таълим дода шавад
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 20 июн, ҳангоми оғози сохтмони биноҳои нави Академияи Вазорати умури дохилӣ ва ифтитоҳи бинои иловагии таълимии Донишкадаи ҳарбии Вазорати дифоъ хостори тағйирот дар барномаи таълимӣ шуд.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, оқои Раҳмон пешниҳод кардааст, “барои омода намудани кадрҳои тахассусӣ барои сохторҳои қудратии кишвар ба барномаҳои таълимии Академия, аз ҷумла дар курсҳои кӯтоҳмуддати он баробари омӯзиши асосҳои қонунгузории меҳнат, маъмурӣ, равоншиносӣ, одоби суханварӣ барои ҳайати роҳбарикунанда, азхудкунии амиқи забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияҳои муосири коммуникатсиониро ворид намудан зарур мебошад.”
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, бо сохтмони биноҳои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ шумораи донишҷӯёни он аз 2,5 ҳазори ҳозира то ба 5 ҳазор дар оянда расонда мешавад.