Ҳукми зиндони муҳоҷири тоҷик, ки 100 000 $ қарздор будааст
Додгоҳи вилояти Курск як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки 100 ҳазор доллар қарздор будааст, се солу ҳашт моҳ аз озодӣ маҳрум кардааст. Ба иттилои расонаҳои русӣ, ин табааи 48-солаи Тоҷикистон Ғуфрон ном дошта, соли 2009 ба ноҳияи Касторенски Курск омадааст.
“Зан ва фарзандонашро ҳам ба инҷо оварда, соли 2006 шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунад. Дар як корхона ба ҳайси менеҷер фаъолият доштааст. Аммо баъдан маълум мешавад, ки вай дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад. Дар ватан ӯ вазифаи сарвари кулли як корхонаи спиртро бар уҳда дошта ва дар қаллобиву суистифода аз вазифа муттаҳам мешавад. Зимни тафтиш маълум шудааст, ки Ғуфрон дар Тоҷикистон ба маблағи 300 ҳазор доллар аз бонк қарз гирифтааст. Аз ин маблағ 100 ҳазор долларашро барои харидории ашёи хом ҷудо кардааст. Ҳамчунин, аз шиносҳо ва тобеонаш низ пул мегирад. Вақте фоизҳои бонк зиёд мешавад, ӯ мегӯяд, ки бояд фавран ба сафари хидматӣ биравад. Баъдан дигар ба Тоҷикистон барнамегардад ва зану фарзандонаш ҳам пасон ба Русия кӯч мебанданд”,-навиштааст торнамои 46tv.ru.
Додситон барои ин шаҳрванди Тоҷикистон 7 соли зиндон хостааст, аммо додгоҳи ноҳияи Касторенск ӯро 3 солу 8 моҳ аз озодӣ маҳрум кардааст.